Tajiki Language Learning Podcasts

Tajiki podcast 022406

Informações:

Synopsis

Хони наврӯзӣ Ороиши хони наврӯзӣ яке аз суннатҳои деринаи мардуми тоҷик аст. Барои ҷашн гирифтани соли нав тоҷикон анвои гуногуни хӯрок ва шириниҳоро пухта, ҳунару маҳорати пазандагии худро намоиш медиҳанд. Тарзи ороиш ва гузоштани намудҳои гуногуни нуқлу наво дар рӯи хони наврӯзӣ низ анъанаи аҷибест. Дар ин байн суфра ва ё хони ҳафтсин хеле машҳур аст. Рақами ҳафт дар таърихи мардуми эронитабор рамзи хуб дорад. Суфраи ҳафтсин дар замонҳои қадим аз ҳафт чизе иборат буд, ки ҳар яки он чун рамзи қувваҳои некӣ ва ҳимоят аз бадӣ истифода мешуд. Тадриҷан ба он дигаргуниҳо дароварда шуданд. Вале анъанаи суфраи ҳафтсин, ки номи ҳар як чизи он дар имлои алифбои арабӣ бо ҳарфи син оғоз мегардад, то имрӯз боқӣ мондааст. Дар байни мардуми тоҷик гузоштани чизҳои зерин дар хони ҳафтсин ҳамчун анъана қабул шудааст: 1. Сабза-тақрибан ду-се ҳафта пеш аз ҷашни Наврӯзӣ дар рӯи табақ донаҳои гандумро сабз мекунанд. То рӯзи Наврӯз ин гандум ба дарозии як ваҷаб сабзида, хеле хушнамуд мешавад. Сабза рамзи сабзиш ва ҳосили хуб дар